Шаби гузашта парлумони Бритониё баъди муҳокимае, ки 10 соат тӯл кашид, пешниҳоди ҳукуматро барои пайвастан ба иттиҳоди байналмилалии зидди “Давлати исломӣ” ва бомбаборони мавзеъҳои он дар Сурия пазируфт.
Дафъатан баъди пазируфтани ин пешниҳод 4 ҳавопаймои бомбаафкани Tornado аз пойгоҳи ҳарбии Акротир дар Кипр парвоз карданд.
Фаъолияти гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар аксари кишварҳо, аз ҷумла, дар Бритониё ва Русия манъ шудааст. Сар аз сентябри соли 2014 Лондон дар ҳудуди Ироқ алайҳи “Давлати исломӣ” амалиёти низомӣ анҷом медиҳад.