Ссылки доступа

Комиссияи Қирғизистону Русия бунёди нерӯгоҳҳоро баррасӣ мекунад


Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои обӣ дар ҳудуди Қирғизистонро комиссияи байниҳукуматии Русияву Қирғизистон пушти дарҳои баста, бе ҳузури рӯзноманигорон баррасӣ мекунад.

3 декабр дар Бишкек ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва башардӯстона баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаи ҳамкориҳо дар самти энергетика, бахши нафту газ, саноат, нақлиёт, алоқа ва расонаҳо, кишоварзӣ, огоҳӣ, бартарафсозии оқибати ҳолатҳои изтирорӣ, рушди иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг, иттилоот, истифодаи захираҳои табиӣ ва фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд.

Ҷаласа таҳти раисии сарвазири Қирғизистон Темир Сариев ва раиси Хадамоти федеролии гумруки Русия Андрей Белянинов ҷараён ёфт.

Сарвазири собиқи Қирғизистон Валерий Дил дар гузашта изҳор дошта буд, ки “РусГидро” уҳдадориҳои худ дар мавриди сармоягузории силсиланеругоҳҳои обии Норини Болоро иҷро намекунад.

Силсиланеругоҳҳои обии Норини Болоро “Истгоҳи электрикӣ”-и Қирғизистон ва “РусГидро”-и Русия месозад. Ин тарҳро комилан Русия сармоягузорӣ мекунад. Ба он неругоҳҳои Акбулун, ГЭС-и 1-уми Норин, ГЭС-и 2 ва ГЭС-и 3 шомиланд.

XS
SM
MD
LG