Ссылки доступа

Ислом Каримов: духтарон дар 19-20 солагӣ шавҳар кунанд


Uzbekistan, Islam Karimov, president
Uzbekistan, Islam Karimov, president

Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов даъват кард, ки духтаронро танҳо баъд аз расидан ба 19-20 солагӣ ба шавҳар диҳанд. "Ин дастури ман аст", - гуфт раиси ҷумҳур зимни суханронӣ дар шаҳри Намангон ва ба додситонҳо дастур дод, ки иҷрои дастури ӯро назорат кунанд, хабар медиҳад ВВС.

Ба гуфтаи президент Ислом Каримов, духтарҳо бояд баъд аз хатми мактаб ҳадди ақал се сол таҳсил карда, дониш омӯзанд ва сипас аз пайи ташкили оила шаванд. Суханронии президент дар шаҳри Намангон тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионии Узбекистон намоиш дода шуд.

Бар асоси қонунҳои Ӯзбекистон, духтарон метавонанд аз 17-солагӣ (мардҳо аз 18) издивоҷ кунанд. Вале дар амал духтарон метавонанд, дар 16 солагӣ низ шавҳар кунанд. Дар кодекси оилаи он кишвар омадааст, ки дар ҳолатҳои истисноӣ мақомоти маҳаллӣ метавонанд, синни издивоҷро кам кунанд, аммо на бештар аз як сол.

Ба сабаби афзоиши никоҳҳои зуд дар соли 2013, Тошканд ҷазои вайрон кардани муқаррароти издивоҷро сахттар кард. Акнун барои чунин никоҳто сад маоши ҳадди ақал, ё корҳои ислоҳӣ ба муддати то се сол ва ё ҳабси шашмоҳа пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG