Ссылки доступа

Пулис номи тирандозҳои Калифорнияро эълон кард


Дар даргирие бо пулис ду тан аз гумонбарони тирпарронии маркази кумакрасонӣ ба маъюбон дар шаҳри Сан-Бернардинои Калифорния кушта шуданд. Тирандозӣ дар нимаи аввали рӯзи чаҳоршанбе 14 кушта ва 17 захмӣ ба ҷой гузошт.

Пулис кушташудаҳои ин моҷароро шиносоӣ кард. Инҳо сокинони маҳаллӣ - Саид Форуқи 28-сола ва Ташфин Малики 27-сола будаанд. Дар хабарҳо омадааст, ки гумонбарон бо худ аслиҳаи зиёде доштанд. Форуқ ва Малик талош кардаанд бо мошин фирор кунанд.

Ба иттилои пулис, ки онро Reuters иқтибос овардааст, Саид Форуқ ҳамчун ширкаткунандаи мулоқот дар маркази маъюбон номнавис шуда буд, ки дар ҷараёни ин мулоқот тирпарронӣ сурат гирифт.

Хабар дода мешавад, ки ҳамлагарон се нафар буданд ва ҷустуҷӯи нафари севум идома дорад. Дар Идораи федеролии таҳқиқот (ИФТ) мегӯянд, эҳтимол дорад ин амали террористӣ бошад. Аммо ҳодиса ҳанӯз таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG