Ссылки доступа

Қирғизистон "Кок бору" ва "Айтиш"-ро ба феҳрасти ЮНЕСКО воорид мекунад


Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки бозии аспсавории "Кок бору" ё бузкашӣ ва ҳунари намоишии "Айтиш" ё достонсароиро ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шаванд. Дар ин бора аз дафтари Комиссияи миллии Қирғизистон дар корҳои ЮНЕСКО хабар доданд.

Ҳунари "Айтиш. Айтис" барои ворид шудан ба феҳраст муштаракан аз сӯйи Қирғизистон ва Қазоқистон пешниҳод шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 30 ноябр дар шаҳри Виндҳук (Намибия) ҷаласаи даҳуми кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО дар масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ оғоз ёфта, то 4 декабр идома мекунад.

Дар соли ҷорӣ кумита 8 пешниҳод ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддие, ки ба ҳифозати фаврӣ ниёз доранд ва ҳамчунин 35 пешниҳод ба рӯйхати баррасишавандаи мероси фарҳангии ғайримоддии инсониятро муҳокима мекунад.

Қирғизистон узви кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО дар умури ҳифозати мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар солҳои 2012 то 2016 мебошад.

XS
SM
MD
LG