Ссылки доступа

Тирандозҳои Калифорния зодагони Покистон будаанд


Ташфин Малики 27-сола, ки якҷо бо Саид Форуқи 28-сола дар минтақаи Сан-Бернардинои Калифорнияи Ҷанубӣ тирпарронӣ кард, шиносномаи покистонӣ дошта, ба ИМА бо раводиди арӯсӣ омадааст.

Намояндагони Идораи Федеролии Пажӯҳиш (FBI) дар Лос-Анҷелес хабар доданд, ки шаҳрванди ИМА Саид Форуқ сафарҳои зиёди хориҷӣ дошта, моҳи июли соли 2014 якҷо бо Ташфин Малик ба ИМА баргаштааст. Ҳанӯз ҳамаи кишварҳои сафаркарда ва ангезаҳои тирпарронӣ маълум нашудаанд.

Раҳбари пулиси Сан-Бернардино хабар дод, ки ҷинояткорон “дар маҷмӯъ аз 65 то 75 тир холӣ кардаанд” ва либоси ҳарбии торик дар бар доштанду хуб мусаллаҳ буданд.

Ҳангоми кофтукоб аз хонаи Форуқ зиёда аз 3 ҳазор тир, 12 ҷиҳози худсохти тарканда ва садҳо ҷузъу асбоби сохтани бомбаҳои худсохт ёфт шудааст.

Дар натиҷаи ҳамла ба маркази кумакҳои иҷтимоӣ барои шахсони дорои мушкилоти рушд 14 нафар кушта ва 21 нафари дигар захмӣ шуданд. FBI бар ин аст, ки тирпарронӣ дар Сан-Бернардино амали террористӣ низ буда метавонад.

XS
SM
MD
LG