Ссылки доступа

Тоҷикистон: аз 7 то 27 соли зиндон барои бардоштани парчами ДИ


Додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт сокини ноҳияи Шаҳритузро дар барафрохтани парчами гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи "Давлати исломӣ" айбдор дониста, онҳоро ба муддати аз 7 то 27 сол зиндонӣ кард.

Ба гуфтаи судяи додгоҳи вилоятии Хатлон Зубайдуллоҳ Маҳмудзода, ба се нафари онҳо ба сабаби ноболиғ буданашон ҳукмҳои "нармтар" бароварда шудааст.

"Чаҳор маҳкумшудаи дигар, ки синну солашон аз 20 бештар аст, ташкилкунандаҳои асосии барафрохтани парчами сиёҳи ДИ дониста шуданд", - зикр кард вай.

Дар моҳи августи соли ҷорӣ гурӯҳи ҷавонон аз деҳаи Ленинободи ноҳияи Шаҳритуз ба гумони барафрохтани матои сиёҳи монанд ба парчами гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар болои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG