Ссылки доступа

Занон ҳаққи хизмат дар ҳамаи воҳидҳои артиши ИМА-ро пайдо карданд


Бар асоси фармони нави вазири дифои ИМА Эштон Картер, занони амрикоӣ ҳақ пайдо карданд, ки дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ, ба вижа дар неруҳои баҳрӣ ва воҳидҳои махсус адои хизмат кунанд. Ин фармон рӯзи панҷшанбе имзо шудааст.

Ин қарор дар натиҷаи таҳқиқоти сесолае, ки дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ анҷом шуд, пазируфта шудааст. То соли 2013 занони амрикоӣ ҳақ надоштанд дар воҳидҳои ҷангӣ адои хизмат намоянд.

Президенти ИМА Барак Обама изҳор дошт, ки неруҳои низомии амрикоӣ “қадами таърихие” мегузоранд. “Ҳамчун сарфармондеҳ ман медонам, ки ин тағйир, мисли тағйирҳои қаблӣ, артиши моро қавӣ мегардонад. Занҳое, ки ба стандартҳои олии низомӣ ҷавобгӯ ҳастанд, имкониятҳои нав ба даст меоранд”, - изҳор дошт вай.

Ба фарқ аз дигар навъи воҳидҳо, фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Пентагон пешниҳод кард, ки бархе аз маҳдудиятҳо дар мавриди занон боқӣ монад, зеро онҳо на ҳамаи сангинии хидмат дар ин риштаро бардошта метавонанд. Аммо вазири дифоъ ин пешниҳодро рад кард.

XS
SM
MD
LG