Ссылки доступа

Оятуллоҳи эронӣ гуфт, занҳо набояд кор кунанд


Руҳонии маъруфи Эрон «афзоиши бесобиқаи занони коргар"-ро зери интиқод гирифта, сиёсатҳои президент Ҳасани Руҳониро дар ин кор айбдор донист.

«Чаро одамон ҳамеша пойфишорӣ мекунанд, ки занҳо кор кунанд, дар ҳоле ки бисёре аз мардҳо бекоранд», - гуфт оятуллоҳ Юсуф Таботабоинажод, имоми ҷумъаи шаҳри Исфаҳони Эрон.

Дар кишвари исломӣ, мардҳо бояд зани худро таъмин созанд, на баракс, гуфт вай рӯзи 5 декабр.

Вай президент Ҳасани Руҳониро айбдор намуд, ки занонро ба кор кардан ва ҳатто вориди сиёсат шудан ташвиқ мекунад. Оятуллоҳ изҳор дошт, ки мустақилияти занҳои соҳиби кор боиси афзоиши талоқ дар кишвар гаштааст. Вай афзуд, ҳангоми қабул ба кор бояд ба мардҳо бартарӣ дод, то пеши роҳи афзоиши талоқ гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG