Ноиб-президенти ИМА ҳамчунин ба раҳбарони Украина ин паёмро мерасонад, ки буҳрони Сурия таваҷҷуҳи Вашингтонро ба ҳаводиси Украина кам накардааст. Ҷо Байден бо президенти Украина Петр Порошенко ва сарвазири он кишвар Арсени Ятсенюк имрӯз дидор мебинад ва фардо дар парлумони Украина суханронӣ мекунад.
Шуруъ аз аввали сентябр ҷангҳои пуршиддат дар шарқи Украина коҳиш ёфтааст, аммо аз як моҳ ба ин сӯ шумори тирпарониҳо дар Донбасс афзудааст. Бино бар сабаби масоили ҳалношудаи сиёсӣ ва мақоми ҳуқуқии минтақаҳои ҷудоихоҳи вилоятҳои Донетску Луганск вазъ ҳамоно пуршиддат унвон мешавад.