Ссылки доступа

Соли 2016 дар Ӯзбекистон "Соли модар ва кӯдаки солим" эълон шуд


Дар бораи ин тасмим дар Кохи ҳамоишҳои байналмиллалӣ дар Тошканд зимни суханронии бахшида ба 23-мин солгарди Қонуни асосии Ӯзбекистон раиси ҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов хабар дод.

Аз оғози солҳои 90-ум ҳамасола дар остонаи Рӯзи Қонуни асосӣ раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба соли оянда унвон мебахшад.

Соли ҷории 2015-ро Каримов "Соли таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ ба калонсолон" номида буд.

Ба эътиқоди коршиносон, унвони солҳо монанди ҳамдигар буда, ҳамасола такрор мешаванд. Аз ҷумла, соли 2014 дар Ӯзбекистон "Соли кӯдаки солим" унвон шуда буд.

Унвони интихобшудаи соли 2015 - "Соли таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ ба калонсолон" монанди унвони соли 2002 аст - "Соли ҳимояи манфиатҳои солмандон" ва ё унвони соли 2014 - "Соли кӯдаки солим" такрори соли 2000 аст, ки унвони "Соли насли солим"-ро дошт. Солҳои 2012 ва 1998 дар Ӯзбекистон "Соли оила" унвон шуда буданд.

XS
SM
MD
LG