Ссылки доступа

Дар Арманистон назархоҳии тағйири Қонуни асосӣ баргузор шуд


Комиссияи марказии интихоботи Арманистон мегӯяд, бино бар натиҷаҳои аввалияи назархоҳии умумӣ мардуми ин кишвар хостори гузаштан ба низоми порлумонӣ шудаанд.

Пас аз шумурдани 93 дарсади баргаҳои овоздиҳӣ Комиссияи марказии интихоботи Арманистон гуфт, 63,5 дарсади раъйдиҳандагони ҳамапурсии 6 декабр аз пешниҳоди раиси ҷумҳур Серж Саргсян барои ислоҳи Қонуни асосӣ ҳимоят кардаанд.

Мухолифон иддао доранд, ки ин ислоҳот ба хотири дар сари қудрат мондани президент Саргсян баъд аз анҷоми мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2018 роҳандозӣ шудаанд. Анҷумани миллии мухолифони Арманистон (АМА) натиҷаҳои аввалияи ҳамапурсиро, ки комиссияи марказии интихобот пешниҳод кардааст, напазируфт.

Гурӯҳҳои мухолифон иддао доранд, ки дар ҷараёни ҳамапурсӣ онҳо қонуншиканиҳои ҷиддиеро мушоҳида кардаанд. Раҳбари АМА Левон Зурабян 7 декабр изҳор дошт, ки ҳукумат натиҷаи дилхоҳи ҳамапурсиро тавассути пур кардани қуттиҳои раъйдиҳӣ, "ҳисоби дубора" ва харидории овозҳо ба даст овардааст. Вай ҳамчунин ин иддаои мақомотро, ки дар ҳамапурсӣ қариб ними аҳолии дорои ҳаққи раъҳ ширкат кардаанд, рад намуд.

XS
SM
MD
LG