Ссылки доступа

Нотаи Туркия ба сафири Русия баъди «иғво» дар Босфор


Сафири Русия дар Туркияро дар робита ба нашри акси хизматчии ҳарбӣ дар расонаҳо бо маҷмуаи мушаки ҳавоӣ дар дохили киштии русии «Қайсар Куников», ки ҳоло дар гузаргоҳи обии Босфор қарор дорад, ба вазорати корҳои хориҷии Туркия фаро хонданд.

Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN Turk хабар медиҳад.

Рӯзи якшанбе телевизиони хусусии туркии NTV навореро нишон дод, ки сояи марде дар саҳни киштии “Қайсар Куников” бо маҷмуаи мушаки ҳавоӣ сари китф дида мешавад. Дар бандари Истамбул он лаҳза киштиҳои НАТО ҳузур доштанд.

Мақомоти Туркия ин ҳодисаро “иғво” номида, гуфтанд, агар вазъият хатарнок баҳо дода шавад, “иқдомҳои ҷавобӣ” хоҳанд андешид. Русия даъвати сафираш ба вазорати корҳои хориҷии Туркияро ҳанӯз шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG