Ссылки доступа

Дар Тошканд шикори «афроди шубҳанок» эълон шудааст


Вақтҳои охир дар Ӯзбекистон боздошт ва ҳабси шаҳрвандон аз сӯи пулис афзудааст. Пулиси Ӯзбекистон мегӯяд, ҳар як шӯъбаи корҳои дохилӣ вазифадор шудааст, ки ҳадди ақал сад нафари шубҳанокро боздошт кунад.

«Санади боздошт ва бозпурсиҳо ба шӯъбаи мубориза бо терроризм фиристода мешавад», - мегӯяд яке аз корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд.

Афроди шубҳанок онҳое ҳисоб мешаванд, ки майл ба тундгароии динӣ ва терроризм доранд. Бино бар мушоҳидаи бахши ӯзбекии радиои «Озодӣ», чунин боздоштҳо бештар дар рӯзҳои ҷумъа ҳангоми адои намози ҷумъа сурат мегиранд.

Сар аз 3 ноябр ҳамаи нерӯҳои амниятӣ дар Тошканд – пулис, Хадамоти амнияти милллӣ ва гарнизони ҳарбӣ ба ҳолати омодабош дароварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG