Ссылки доступа

Қирғизистон: вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ором аст


Вазъият дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон, ки он ҷо байни сокинони ду кишвар чанд даргирие рух дода буд, мӯътадил ва ором мебошад.

Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Идораи давлатии марзбонии Қирғизистон хабар доданд. Ба иттилои ин ниҳод, қариби соати 19.00 дар канори деҳаи Кочобоюи ноҳияи Бодканд шахсони номаълум мошинеро сангборон карданд, ки соҳибаш шаҳрванди Тоҷикистон буд. Дар натиҷа шишаи чароғи ин мошин шикастаст.

Тақрибан баъд аз якуним соат шахсони номаълум ҳавлии шаҳрванди Тоҷикистон ва мактаби миёнаи ба номи С. Ғанӣ дар қаламрави Қирғизистонро сангборон карданд. Дар ин ҳодиса ду тирезаи мактаб шикаст ва қисман боми хонаи як шаҳрванди Тоҷикистон зарар дид.

Дар Идораи марзбонӣ зикр карданд, ки ин ҳодисаҳо дар минтақаи беноми марзи миёни ду кишвар рух додаст. Дар ин минтақа манзили шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон яке канори дигар ҷойгир шудаанд.

Феълан ниҳодҳои интизомии ду кишвар афроди гунаҳкорро муайян мекунанд. Ҳамчунин маъмурони ниҳодҳои интизомӣ ва марзбонони ду якҷоя минтақаро дидбонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG