Ссылки доступа

"Гулмурод Ҳалимов ба ДИИШ дигар даркор нест"


Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод, ки фармондеҳи собиқи гурӯҳи ОМОН-и ВКД ҶТ Гулмурод Ҳалимов, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба сафи созмони террористӣ пайваста буд, "маъюб шуда, дигар барои ДИИШ даркор нест".

Ин хабарро мақомот бо истинод ба шоҳиде хабар медиҳанд, ки ахиран аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ фирор карда, ба мақомоти тоҷик таслим шудааст. Ин шоҳид ба ниҳодҳои интизомии ҶТ хабар додааст, ки бо полковники собиқи фирорӣ ва маҷрӯҳшудаи тоҷик Гулмурод Ҳалимов дар як манзил зиндагӣ кардааст.

Ба гуфтаи вай, Ҳалимов аз пой ва сар маҷрӯҳ шудааст, ки ба таври ҷиддӣ ба вазъи саломатиаш таъсир гузоштааст.

Ҳалимов дар ноҳияи Варзоб соли 1975 таваллуд шуда, дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар Горди президентӣ хидмат кардааст. Баъд аз таҳсил дар сафи ВКД Тоҷикистон хидмат карда, аз сержант то рутбаи полковник (сарҳанг), фармондеҳи ОМОН расидааст. Ҳамзамон вай дар ниҳодҳои обрӯманди ИМА ва Русия таҷриба омӯхтааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон 28 майи соли ҷорӣ дар нисбати фармондеҳи собиқи ОМОН тибқи се моддаи Қонуни ҷиноӣ парванда боз кардааст: хиёнат ба давлат, ширкат дар гурӯҳи ҷинояткор ва ширкати ғайриқонунӣ дар даргириҳо ё амалиётҳои низомӣ дар сафи гурӯҳҳои ҷинояткор дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ.

XS
SM
MD
LG