Ссылки доступа

ИМА визаи издивоҷро бозбинӣ мекунад


Вазири амнияти дохилии ИМА Ҷей Ҷонсон изҳор дошт, ки ниҳоди зертобеаш қоидаҳои додани виза ё раводиди «К-1”-ро бозбинӣ мекунад.

Манзур раводиди сафар ба онҳоест, ки мехоҳанд бо шаҳрванди амрикоӣ издивоҷ кунанд. Масъала баъд аз тирандозии ахир дар Калифорния матраҳ шуд, ки дар он зани покистонӣ Ташфин Малик даст дошт.

Малик яке аз 519 шаҳрвандони Покистон буд, ки соли 2014 бо ҳадафи издивоҷ иҷозаи вуруд ба Амрикоро пайдо кардааст.

Дар соли 2014 ба 9,9 миллион шаҳрванди хориҷӣ раводиди сафари Амрико дода шудааст, ки аз онҳо 36 ҳазор нафар издивоҷро мақсади сафари худ номидаанд.

Ташфин Малик ва шавҳараш Ризвон Форуқ ба ҳамлаи мусаллаҳонаи 2 декабр ба маркази маъюбон дар Сан-Бернардино гумонбар дониста мешаванд. Дар ин ҳамла 14 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамлагарон дар задухӯрд бо пулис кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG