Русия ба ин қарор раъйи мухолиф додааст. Бо такя ба намоядаи Русия дар Бунёд хабар медиҳад оҷонсии хабарии ТАСС.
Ин қарор маънои онро дорад, ки Бунёди Байналмилалии Асъор барномаи зиддибуҳронии худро барои Украина идома медиҳад, ҳатто дар сурате, ки агар Киев қарзашро сари вақт ба Русия напардозад. Ин қарор ҳамчунин ба кишварҳои дигар ҳақ медиҳад, ки бо вуҷуди аз ББА қарздор будан, дубора қарз бигиранд.
Вазири молияи Русия Антон Силуанов гуфт, қарори ББА бар зиёни Русия аст ва ба Киев ҳақ медиҳад, ки қарзашро напардозад.