Тавре сухангӯи вилоят Салтанат Каракозова ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст, иттилоъ дар бораи ҳодисаи худсӯзии ҷавон ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Туркистон шаби 7 декабр расидааст. Хабар дода мешавад, ки донишҷӯ дар манзилаш худсӯзӣ карда, 90 дарсади пӯсти ӯ сӯхтааст.
Ба гуфтаи Каракозова, феълан донишҷӯ дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ аст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад. Сабаби худсӯзии ҷавон таҳқиқ мешавад, хабар медиҳад пулис.