Ссылки доступа

Отамбоев: Қирғизистон ягон мансабдори "дастнорас" надорад


Дар Қирғизистон мақомоте нестанд ва нахоҳанд буд, ки бо дарназардошти вазифаҳои ишғолкардаашон ва ё хидматҳояшон дар назди ҷамъият "дастнорас" бошанд.

Ин нуктаро президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар паёме ба муносибати Рӯзи байналмиллалии мубориза бо фасод баён дошт.

"Баъд аз инқилоби соли 2010 мо бо фасод, ки монеаи асосии бунёди Қирғизистони демократӣ ва шукуфон аст, муборизаи беамон ва сахтеро оғоз кардаем. Тасмимҳои калидӣ барои аз байн бурдани низоми сиёсиву доимии фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ рӯйи даст гирифта шудаанд, ки натиҷаҳоеро ба бор овардаанд," -- омадааст дар паёми Отамбоев.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон даъват кард, ки ба ширкат дар муборизаи зидди фасод "тамоми ҷамъият, нерӯи шаҳрвандони оддӣ, мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шаванд".

Қирғизистон Муқаррароти СММ барои мубориза бо фасодро соли 2005 пазируфтааст.

XS
SM
MD
LG