Ссылки доступа

Аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 2050 ба 96 миллион нафар мерасад


Теъдоди аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 20150 ба 96 миллион нафар мерасад. Дар ин бора маркази матбуотии Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқотҳои стратегии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, то соли 2050 аҳолии Тоҷикистон ва Қирғизистон ду баробар афзоиш меёбанд. Дар кишварҳои дигари минтақа афзоиши камтари аҳолӣ пешбинӣ мешавад.

Пешбиниҳои созмони байналмиллалии PRB (Population Reference Bureau) нишон медиҳанд, ки аҳолии Қирғизистон то соли 2050 ду баробар бештар шуда, ба 11,6 миллион нафар мерасад.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ҳамеша афзоиши бештар доранд, то соли 2050 ин равандаро идома медиҳанд. Аҳолии Қазоқистон то соли 2050 ба 24 миллион нафар мерасад.

Шумораи аҳолӣ дар Туркманистон то соли 2050 чандон тағйир нахоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG