Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон қонуни пешвои миллат якдилона қабул шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 9 декабр қонун дар бораи асосгузори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва пешвои миллатро якдилона қабул кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон қонуни навро "таърихӣ" номид ва гуфт, ки мардуми кишвар дар муқоиса бо президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин қонун бештар ниёз дорад.

Қонун аз 16 модда иборат аст, ки мафҳумҳои "асосгузори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат"-ро мушаххас сохта, салоҳият, таъсиси нишон ва ҷоизаи давлатии пешвои миллат, дастнорасии вай, таъмини амният ва кафолатҳои иҷтимоии ӯро дақиқ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмони 63 сола аз моҳи ноябри соли 1992 дар сари қудрат аст. Вай бамаротиб президенти кишвар интихоб шудааст, аз ҷумла дар пайи ду ислоҳи Қонуни асосӣ, ки ба вай имкон доданд, дар интихобот ширкат кунад. Давраи феълии раёсаташ дар моҳи ноябри соли 2020 ба поён мерасад. Соли 1998 дар Тоҷикистон Қонуни ҳимояи эътибор ва шарафи раиси ҷумҳур қабул шуда буд.

XS
SM
MD
LG