Ссылки доступа

Довудоғлу Русияро ба “поккориҳои қавмӣ” дар Сурия айбдор кард


Русия дар шимоли Сурия дар нисбати арабҳои суннимазҳаб ва туркманҳоро «поккории қавмӣ» анҷом медиҳад. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу изҳор дошт.

«Русия талош дорад аз Латакияи шимолӣ ҳамаи туркманҳо ва суннимазҳабонеро, ки аз режими Сурия ҳимоят намекунанд, берун ронад», - гуфт Довудоғлу ба хабарнигорон дар Истамбул. Ба гуфтаи нахуствазир бо ин Русия ҷангиёни гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”-ро нерӯ медиҳад, зеро ба мухолифони мӯътадили суриягӣ зарба мезанад.

Дар Латакия пойгоҳи ҳавоии низомие воқеъ аст, ки аз он ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомии Русия истифода мекунанд.

Пештар Туркия ва Русия ҳамдигарро дар харидани нафт аз «Давлати исломӣ» айбдор кардаанд.

Баъд аз он ки нерӯҳои ҳавоии Туркия 24 ноябр дар наздикии марзи Сурия ҳавопаймоии низомии русиро сарнагун сохт, муносибати миёни ду кишвар тезутунд шуд. Анкара иддао дорад, ки ҳавопаймо ба ҳарими ҳавоии Туркия ворид шуда, ҳушдорҳоро нодида гирифтааст. Москва инро рад ва зидди Туркия таҳримҳоеро ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG