Ссылки доступа

Кремл тарҳи зидди паёмҳои электрониро рад мекунад


Дар Кремл мегӯянд, барои низоми интиқоли зудраси маълумот, ки бо номи «мессенҷер» ё паёмрасон маъруф аст, ҳеч маҳдудияте ҷорӣ нахоҳанд кард.

Тавре Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфт, ин мавзуъ баррасӣ мешавад, аммо, он чи вай медонад, ҳеч маҳдудияте ҷорӣ нахоҳад шуд ва ин мавзуъ ба дастури дастгоҳи иҷроияи президент рабт надорад. Песков изҳор доштааст, ки барои худи вай низ ҳама гуна маҳдудияти паёмҳои электронӣ нороҳаткунанда хоҳад буд, хабар медиҳад «Интерфакс».

Рӯзи сешанбе нашрияи «Ведомости» навишт, ки дар Русия лоиҳаи қонуни тақвияти назорат бар паёмрасонҳо омода мешавад.

Дар ҳуҷҷат зикр шудааст, ки паёмрасонҳо бо ширкатҳои интернетрасон бояд тибқи шартнома фаъолият кунанд ва ҳамчунин аз фаъолияти худ Роскомнадзорро огоҳ созанд.

Ба иттилои манбаъ, ин лоиҳаро Роскомнадзор бо дастури Кремл таҳия кардааст.

XS
SM
MD
LG