Ссылки доступа

Ба мансабдорони Туркманистон хариди доллар ва евро манъ шуд


Ба кормандони ниҳодҳои давлатии Туркманистон харидани асъори хориҷиро манъ карданд. Онҳое, ки ин мамнуъиятро риоя намекунанд, аз кор ронда хоҳанд шуд.

Дар ин бора, ба иттилои «Ахбори Туркманистон», дар ниҳодҳои давлатии он кишвар рӯзҳои 2-4 декабр эълон шудааст.

Дар моҳи апрели имсол Туркманистон дар хариди доллари ИМА маҳдудият ҷорӣ кард. Бино бар ин маҳдудият, як шаҳрванди он кишвар наметавонад дар сол бештар аз 8 ҳазор доллар ва дар як вақт бештар аз 1000 доллари ИМА бихарад.

Дар Туркманистон камбуди сахти асъор мушоҳида мешавад ва ин кишвар барои коҳиши талабот ба пули хориҷӣ аз чораҳои сунъӣ истифода мекунад.

Дар ибтидои сол пули миллии Туркманистон – манат якбора 20 дарсад беқурб шуд. Дар ҳамин ҳол президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов вуҷуди падидаҳои номатлубро дар иқтисоди Туркманистон эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG