Рӯзи чаҳоршанбе узви кумитаи иктишофии сенати ИМА сенатор Ҷеймс Риш хабар дод, ки Энрике Маркес бо Саид Форуқ – яке аз ду ҳамлагари Сан-Бернардино робитаи хонаводагӣ доштааст. Аслиҳае, ки Энрике Маркес харида буд, дар ҳамлаи террористӣ истифода шудааст. Маркес зиёда аз як сол пеш бо Мария Черних издивоҷ карда, хоҳари Мария -- Татяна, тавре маълум шуд, ҳамсари бародари Форуқ будааст.
Идораи пажӯҳишии Амрико (FBI) эҳтимоли ҳамдастии Маркесро дар ҳамлаи террористӣ таҳқиқ мекунад. Вай чанд сол пеш ба таври қонунӣ ду милтиқи нимаавтоматӣ ва ду туфангча харида буд ва онҳоро ба Саид Форуқ фурӯхта ва ё тақдим кардааст. Маркес, ки ахиран мусалмон шуда буд, бо Форуқ дӯстӣ дошт.
Мария Черних дар ҳамлаи террористӣ гумонбар дониста намешавад. Номи вай ва хоҳараш дар робита ба дарёфти ҳаққи истиқомати наварӯсон дар ИМА ба миён омадааст. Муфаттишон бовар доранд, ки ҳамсари Саид Форуқ – Ташфин Малики покистонӣ дар ташкили ҳамлаи террористии Сан-Бернардо нақши аслӣ дошт. Ин ҳамлаи террористӣ 14 кушта бар ҷой гузошт.