Ссылки доступа

Назарбоев дар Русия ҷоизаи “Одами сол”-ро гирифт


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Русия барандаи ҷоизаи “Одами сол - 2015” дар бахши “Робитаи байналмилалӣ” шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии сафорати Қазоқистон дар Русия.

Хабар дода мешавад, ки муассисони ҷоиза – Институти биографии рус ва Институти дурнамои иқтисодӣ – Назарбоевро ба хотири “дастовардҳои назаррас дар сиёсати байналмилалӣ ва тақвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё” ҷоиза додаанд.

Дар қатори соҳибҷоизаҳои соли 2015 ҳамчунин президенти Русия Владимир Путин, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Хитой Си Ҷин Пин, роҳбари Куба Раул Кастро, патриархи Москав ва тамоми Русия Кирилл, филмсоз Никита Михалков ҷой доранд.

Шартномаи ташкили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё моҳи майи соли 2014 дар Остона ба имзо расид. Дар ҳоли ҳозир ба ин иттиҳод, ки Москва дар он нақши ҳокимро дорад, ба ҷуз аз Русия Қазоқистон, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон шомиланд.

XS
SM
MD
LG