Шербаковро нимаҳои дувуми моҳи ноябри соли ҷорӣ барои ташхиси вазъи руҳияш аз Тоҷикистон ба Русия бурданд.
Сарчашмаи наздик ба мақомоти тафтишотии Русия, 10 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Иван Шербаков то бистарӣ шудан дар боздоштгоҳ маҳбус буд.
“Бистарӣ шудани вай маънои онро надорад, ки руҳан носолим аст. Табибон танҳо вазъи руҳии ӯро меомӯзанд”, - хабар дод ин манбаъ.
Ҷасади Шоира Ҷобирова рӯзи 9 ноябр дар қуттии ахлотпартоии ҳудуди пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Душанбе пайдо гардид. Таҳқиқи парвандаи қатли Ҷобироваро мақомоти тафтишотии Русия пеш мебарад. Тафтишот мегӯяд, Шербаков ба гуноҳи худ иқрор кардааст.
Зимни як нота вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб кард, ки “ба ин рӯйдод баҳои воқеӣ диҳад ва барои ҷилвагирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои зарурӣ андешад”.