Ссылки доступа

Дар ҳамлаи толибон ба Қандаҳор 50 нафар кушта шудаанд (видео)


Бино бар хабари вазорати дифои Афғонистон дар ҳамла ба дувумин пойгоҳи бузурги низомии ин кишвар дар Қандаҳор беш аз 50 нафар кушта шудаанд.

Дар баёнияи вазорати мудофиа рӯзи 10 декабр гуфта мешавад, ки 38 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, 10 низомии афғон ва ду корманди пулис дар миёни кушташудагонанд.

Дар даргирие, ки дар пойгоҳ беш аз як шабонарӯз идома кард, ҳамчунин беш аз сӣ нафар захмӣ шудаанд. Вазорати мудофиаи Афғонистон изҳор медорад, ки 10 ҷангҷӯи ҷунбиши "Толибон" низ кушта шудааст.

Дар бораи қурбониён аз ҷумлаи низомиёни нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ, ки дар ин пойгоҳ ҷойгиранд, хабар дода нашудааст. Даргирӣ дар Қандаҳор баъд аз он оғоз шуд, ки террористони маргталаб шоми 8 декабр вориди фурудгоҳи низомӣ шуданд.

(Нигаред ба бахши "Акс ва видеои 10 декабр барои расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ")

XS
SM
MD
LG