Ссылки доступа

Ваъдаи Тсукерберг барои ҳимояи ҳаққи мусалмонон дар Facebook


Раҳбари Facebook Марк Тсукерберг хабареро унвонии мусалмонон нашр карда, ваъда додааст, ки онҳоро аз ҳамлаҳо дар бузургтарин шабакаи иҷтимоӣ ҳимоят мекунад.

Вай аз ҳамлаҳои ахири исломгароёни ҷангҷӯй дар Порис ва Калифорния ва ҳамчунин аз пешниҳоди номзади собиқи раёсатҷумҳурии ИМА Доналд Трамп, ки гуфтааст вуруди мусалмонон ба ИМА манъ шавад, ёдоварӣ карда, изҳор доштааст, мусалмонон бо хатари таъқиб шудан барои "амали дигарон" рӯбарӯянд.

"Мехоҳам ба ҳамаи мусалмононе, ки дар шабакаи иҷтимоии мо сабти ном шудаанд, бигӯям, ки мо аз шумо дар ин ҷо хушҳолем ва якҷо барои ҳуқуқи шумо мубориза мебарем ва талош мекунем, то бароятон шароити орому амнеро фароҳам орем", - навиштааст Тсукерберг.

Вай ҳамчунин зикр кардааст, ки падару модараш ӯро омӯзондаанд, то зидди ҳама гуна ҳамлаи зидди ҳар ҷамоае бошад. Ҳатто агар имрӯз ин ҳамлаҳо зидди шумо набошанд ҳам, ҳамла ба озодиянд, ки дар ниҳоят зарбааш ба ҳама мерасад, гуфтааст Тсукерберг.

XS
SM
MD
LG