Номзадҳои феълии интихоботи омбудсмен ҳақ надоранд дубора ба ин вазифа пешниҳод шаванд.
Ҷиноҳҳои вакилони порлумонӣ дар ин интихобот 8 номзадро пешниҳод карда буданд. Атир Абдраҳматова ва Гулгаки Мамасалиева ба даври дувуми интихобот роҳ ёфтанд. Аммо ба даври севум танҳо Абдраҳматова гузашта буд. Дар ниҳоят ба пуштибонӣ аз номзадии вай 46 вакил ва бар зиддаш 69 нафар раъй доданд.
Курсии омбудсмени Қирғизистон аз тобистони соли ҷорӣ холӣ аст. Он замон порлумон Бакит Амонбоев, омбудсмени қаблиро аз вазифааш барканор карда буд.