Ссылки доступа

Мақомоти Ӯзбекистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро раҳо карданд


Мақомоти Ӯзбекистон 10 декабр ду сокини ҷамоати Хурмии ноҳияи Панҷакент – Манучеҳр Амонов ва Рустам Раҳимовро баъди ду моҳи боздошт раҳо карданд.

Манучеҳр Амонов аз сиҳатиаш шикоят дорад ва мегӯяд, «тамоми ин ду моҳ дар боздоштгоҳи танг ва намнок нигаҳдорӣ шуд», болои семент хуфтаанд.

Ба гуфтаи ин сокини Панҷакент, дар ибтидо мақомоти Ӯзбекистон мехостанд боздоштшудаҳоро барои марзшиканӣ маҳкум кунанд, аммо бо гузашти як моҳ тасмим гирифтанд, ки «ихроҷ» кунанд.

Вай мегӯяд, 21 октябр ҳангоми моҳидорӣ дар яке аз шохобҳои дарёи Зарафшон боздошт шуд.

«Ду нафар пайдо шуд моро бе ҳеч далел боздошт карда, ба Ӯзбекистон фиристоданд», - нақл мекунад Манучеҳр.

Ба гуфтаи вай, соҳили дарёи Зарафшон дар наздикии Саразм ҳудуди Тоҷикистон аст ва онҳо ҳеч интизор набуданд, ки марзбонони кишвари ҳамсоя пайдо шудаву онҳоро боздошт мекунанд.

«Мо аз онҳо пурсидем, ки кӣ ҳастанд ва моро куҷо мебаранд. Вале онҳо посух надоданд. Вақте аз сарҳад гузаштем, боз чанд марзбони дигар пайдо шуданд ва моро лату кӯб карданд», - мегӯяд Манучеҳр.

XS
SM
MD
LG