Ссылки доступа

ИМА: роҳбари молиётии «Давлати исломӣ» кушта шуд


Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ мудири молиётии созмони террористии «Давлати ислоӣ» кушта шудааст.

Намояндаи расмии вазорати мудофиаи ИМА полковник Стив Уоррен 10 декабр изҳор дошт, ки Абу Салоҳ ва ду роҳбари баландмақоми дигари ДИ дар зарбаҳои ҳавоӣ кушта шуданд.

Уоррен Абу Салоҳро «яке аз роҳбарони баландпоя ва ботаҷрибаи бахши молиётии гуруҳи террористӣ» номид.

«Давлати исломӣ» гуруҳи террористиест, ки дар моҳи июни соли 2014 дар ҳудуди Сурия ва Ироқ падид омад. Эътилофи байналмилалӣ бо роҳбарии ИМА бештар аз як сол ба ин тараф ба мавқеъҳои ДИ дар ин ду кишвар зарбаи ҳавоӣ мезанад.

XS
SM
MD
LG