Ба гуфтаи вай, пулис ва Хадамоти федеролии амнияти Русия бо баҳонаи ҷустуҷӯи маводи мухаддир хобгоҳи донишҷӯёни турк дар кофтукоб кардаанд. Вай афзуд, мақомоти интизомии Русия донишҷӯёнро дар пуштибонӣ аз терроризм айбдор кардааст.
Йилдиз хабар додааст, ки донишҷӯёни Туркия аз донишгоҳҳои Воронеж ва Саратов низ ихроҷ карда шудаанд. Дар донишкадаи технологияҳои олии шаҳри Воронеж сабаби ихроҷи донишҷӯёнро “қарзи молӣ ва норасоӣ дар таҳсил” номидаанд.
1 декабр вазорати маориф ва илми Русия гуфт, донишҷӯёни русро аз Туркия бармегардонад. Вале он эълом дошта буд, ки донишҷӯёни турк метавонанд таҳсили худро дар Русия идома диҳанд.
Муносибати Москва ва Анкара баъди суқути ҳавопаймои Су-24-и Русия аз сӯи Туркия ба сардӣ гароид. Мақомоти Русия вуруди шуморе аз маҳсулоти Туркияро манъ карданд ва ҳамчунин равуои бидуни визоро бо Туркия бекор намуданд.