Ссылки доступа

Афсари қирғиз ҳангоми боздошти террористон захмӣ шуд


Як корманди нерӯҳои махсуси КДАМ-и Қирғизистон дар амалиёти боздошти ду аъзои созмони байналмилалии террористӣ дар Бишкек аз тири аслиҳа захмӣ шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, вазъи афсари КДАМ муътадил арзёбӣ мешавад. Сокинони осоишта дар ин амалиёт зарар надидаанд.

Хабар дода мешавад, ки шаби 10 декабр дар шаҳраки “Шарқ-5”-и Бишкек кормандони КДАМ гуруҳи террористиро муҳосира карданд. Ҳангоми боздошт ҷинояткорон муқобилат нишон доданд ва аз сӯи мақомот кушта шуданд.

Гуфта мешавад, ин ду узви гуруҳи террористӣ дар чанд ҷинояти сангин, аз ҷумла дар куштори нозири минтақавӣ дар шаҳраки 8-уми Бишкек даст доранд.

Тафтишот муайян кардааст, ки террористони кушташуда қасд доштанд дар ҳудуди Бишкек ва вилояти Чӯй амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. КДАМ-и Қирғизистон тафтишотро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG