Ссылки доступа

Чаҳор рӯз баъд аз фалокат чархбол ба Бартанг расид


Ниҳоят чархболи вазорати мудофиаи Тоҷикистон тавонист, кумаки нахустинро ба зарардидагони зилзила – сокинони ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшони Бадахшон расонад.

Сухангӯйи ҳукумати Вилояти Бадахшони Тоҷикистон Нилуфар Асламшоева 11 декабр хабар дод, ки ба осебдидагони Бартанг орд, биринҷ, равған интиқол дода шуда ва ин маҳсулот байни онҳо тақсим мешавад. Ба гуфтаи вай, ҳоло ду чархболи дигари ҳомили кумакҳои изтирорӣ омодаи парвоз ба Бартанг ҳастанд.

​Асламшоева хабар дод, ки дар водии Бартанг раиси вилоят Шодихон Ҷамшед қарор дорад, ки шахсан ба корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ раҳбарӣ мекунад. Ба сабаби номусоидии вазъи ҳаво ва вайрон шудани роҳҳои мошингард Шодихон Ҷамшед то маҳалли офат пиёда рафт, ки ин боиси вокунишҳои мусбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Сухангӯйи ҳукумати ВМБК ҳамчунин хабар дод, ки тавассути чархболҳое, ки ба Бартанг кумакҳоро интиқол медиҳанд, зарардидагони зилзила ва махсусан маҷрӯҳон ба ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Хоруғ кӯч дода мешаванд.

Дар пайи заминҷунбии 7,2-дараҷаӣ, ки 7 декабр дар шарқи Тоҷикистон рух дод, 237 бино комилан ва 588 бино қисман вайрон шуданд.

XS
SM
MD
LG