Ин нахустин интихоботе буд, ки занҳо ҳуқуқи интихоб шудан ва овоздиҳиро пайдо карданд. Дар 10 минтақаи гуногуни Саудия, аз шаҳри бузуртагирини кишвар гирифта, то деҳае дар наздикии Маккаи мукаррама, номзадҳои зан пешсафанд.
Дар ин интихоботи мақомоти маҳаллӣ 1,35 миллион мард ҳаққи овоз доштанд, вале танҳо қариби 600 ҳазор нафари онҳо тавонистанд ба марказҳои овоздиҳӣ ҳозир шаванд. Аз 130 ҳазор зан 106 ҳазор нафар ё 82% аз ҳуқуқи интихоботии худ истифода карданд. Пештар занҳои Арабистони Саудӣ аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум буданд. Ба ин сабаб интизор меравад, ки танҳо занҳои ангуштшуморе метавонанд аъзои шӯроҳои маҳаллӣ шаванд. Аммо ин ҳам барои Саудия як дастовард ба ҳисоб хоҳад рафт.