Ссылки доступа

Аввалин қатора аз «Роҳи нави абрешим» ба Гурҷистон расид


13 декабр нахустин қатораи ҳомили контейнерҳои молу маҳсулот аз Чин бо «Роҳи нави абрешим» ба Тифлис расид. Дар истгоҳи қатораҳо сарвазири Гурҷистон, вазирони иқтисоду корҳои хориҷии он кишвар қатораро пешвоз гирифтанд.

Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвилӣ изҳор дошт, ки бору маҳсулот аз соҳили уқёнуси Ором то Аврупо бо «Роҳи нави абрешим» акнун дар 2 ҳафта расонида мешавад, дар ҳоле ки қаблан 1,5 моҳро дар бар мегирифт. «Бовар дорам, Гурҷистон дар ояндаи наздик ба маркази минтақавие табдил мешавад, ки Аврупову Шарқи Осиё, Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздикро ба ҳам мепайвандад», - изҳор дошт Гарибашвилӣ.

Контейнерҳои ҳомили молу маҳсулот 29 ноябр аз Чин ба роҳ баромада, сарҳади Қазоқистон баъдан баҳри Хазарро гузашта, ба Озарбойҷон расид. Аз Озарбойҷон тариқи роҳи оҳан ба Тифлис кашонида шуданд. Аз Тифлис ин контейнерҳо ба бандари Поти баҳри Сиёҳ интиқол меёбанд, аз он ҷо ба Туркия ва баъдан ба Аврупо мерасанд. Ҳамин масир “Роҳи нави абрешим” ном гирифтааст.

XS
SM
MD
LG