Ссылки доступа

Арманистон пурра ба низоми порлумонӣ мегузарад


Комисияи марказии интихоботии Арманистон натиҷаҳои ниҳоии раъйпурсии 6 декабрро эълон кард. Аз пешниҳоди президенти Арманистон Серж Саргсян барои ислоҳоти конститутсия бештар аз 63 дарсади раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ кардаанд. Бештар аз 32 дарсад раъйи мухолиф додаанд.

Комисияи интихоботӣ ҳамчунин гуфт, шикояти ҳизби мухолифи «Эътилофи миллии арманӣ»-ро баррасӣ мекунад. Ин ҳизб талаб кардааст, ки натиҷаҳои раъйпурсӣ эътироф нашаванд. Зеро, ҳизб даъво дорад, дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши овозҳо қонуншиканиҳои зиёд рух дода, ба натиҷаи назарпурсӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

Ба гуфтаи мухолифон, гузаштан ба низоми парлумонӣ дар навбати аввал ба фоидаи президент Саргсян аст, ки дар соли 2018 ҳаққи номзад шудан ба мақоми президентиро надорад. Тағйири конститутсия ба вай имкон медиҳад, ки ба ҳайси сарвазир сари қудрат бимонад. Дар низоми нав сарвазир амалан нафари аввали кишвар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG