Дар солҳои гуногун Талгат Кирбетов хабарнигори шабакаи телевизионии "Шабакаи 31", "Остона", "Шабакаи 7" буд ва дар солҳои ахир ба ҳайси корманди хадамоти матбуотии "Казоқистон темиржоли" ("Роҳи оҳани Қазоқистон") кор мекард. Ҳамзамон дар солҳои охир вай дар дафтари рӯзномаи "Время" фаъолият дошт.
Маросими видоъ бо Талгат Кирбетов рӯзи сешанбе дар Остона баргузор мешавад.