Дар дидор бо хабарнигорон дар Пентагон Обама гуфт, ба вазири мудофиа дастур додааст аз Ховари Миёна боздид ва ба афзоиши саҳми кишварҳои дигари узви эътилофи байналмиллалӣ дар мубориза бо ДИ талош кунад.
Ҷаласаи Шӯрои миллии амният бори нахуст дар остонаи таҷлил аз ҷашни Соли нав дар Пентагон баргузор шуд, ки ҳодисаи камназир дониста мешавад. Гуфта мешавад, чунин тасмим ҷузъи талошҳоест, барои коҳиши нигарониҳои ҷомеа ва шарҳи барномаи пешгирӣ аз густариши ДИ ва гурӯҳҳои тарафдори он дар хориҷа ва аз ҷумла дохили Амрико.
Обама таъкид кард, ки барномаи муборизаи ИМА зидди ДИ аз шикори раҳбарони ҷангиён, омӯзиши нерӯҳои амниятии кишварҳои дигар ва бастани роҳҳои сармоягузорӣ ва таблиғи ин гурӯҳ иборат аст.