Таҳримҳои зидди бахшҳои молия, нафт ва саноати ҳарбӣ ва ҳамчунин зидди шаҳрвандони алоҳидаи Русия метавонанд то 31 июли соли оянда идома пайдо кунанд.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар робита ба сиёсати Русия дар Украина хостори тамдиди мӯҳлати таҳримҳои ИА зидди Москва шуд. Вай гуфт, бо вуҷуди талоши Олмон барои ҳифзи муносибатҳои хуб бо Русия, «бояд ахлоқи худро эҳтиром кунем».
Интизор меравад мавзӯи таҳримҳоро раҳбарони кишварҳои ИА 17 ва 18 декабр баррасӣ кунанд. Мӯҳлати таҳримҳои феълӣ 31 январи соли 2016 ба поён мерасад.