Ссылки доступа

Дар солҳои охир вазъи занону кӯдакони қирғиз беҳтар шудааст


Дар Қирғизистон дар солҳои охир вазъи занону кӯдакон беҳтар шудааст. Ин натиҷагирӣ дар арзёбии Кумитаи миллии омори ин кишвар ва намояндагии ЮНИСЕФ 16 декабр шарҳ дода хоҳад шуд.

Пажӯҳиш нишон додааст, ки дигаргуниҳои мусбат ба вуҷуд омадаанд. Барои мисол, дар Қирғизистон сатҳи фавти кӯдакони то 5-сола давоми ду даҳсолаи охир кам шудааст. Бо вуҷуди ин, нишондодҳои нигаронкунанда низ мавҷуданд. 2,8%-и кӯдакони то 5-сола вазни номувофиқ доранд ва 12,9% - ба таври кофӣ рушд накардаанд.

Таваллуди зуд ё нокомил аз 1000 ба 65 зан рост меояд ва тақрибан ҳар ҳаштумин зани 20-49-сола то 18-солагӣ шавҳар мекунанд. Тақрибан ҳар ҳафтумин зани аз 15 то 19-сола (13,9%) дар ҳоли ҳозир ба таври расмӣ ва ғайрирасмӣ соҳиби шавҳар аст. Ҳар даҳумин кӯдак (9,9%) бо ҳич кадоме аз волидайнаш зиндагӣ намекунад, гарчӣ дар аксари ҳолат ҳам падар ва ҳам модараш зиндаанд. Ҳар нуҳумин кӯдакро (11,2%) як ва ё ҳар ду волидайнаш дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд.

Ин савумин таҳқиқоти ба ин монанд дар Қирғизистон аст, ки дар 5 ва ё 10 сол як бор баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG