Ссылки доступа

Ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар мекунад


Дар Душанбе бори аввал машваратҳои сиёсии дуҷониба миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст.

«17-18 декабри соли ҷорӣ дар Душанбе машварати сиёсии ҳайатҳои вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо роҳбарии муовинони вазирони ду кишвар барпо мешавад», - зикр шудааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Дар ҷараёни машварат масоили ҷаҳонии минтақа, вазъи Ховари Миёна ва Афғонистон ва ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд.

Дар ибтидои моҳи декабр дар ҷараёни сафари соҳибкорони ӯзбек ба Душанбе дар бораи густариши тиҷорат ва таъсиси Маркази тиҷоратии Ӯзбекистон дар пойтахти Тоҷикистон созиш ҳосил шуда буд. Дар моҳи июн дар Тошканд севумин ҷаласаи комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир гашта буд.

XS
SM
MD
LG