Ба гуфтаи вай, Саматов дар ивази Болотбек Иброҳимҷонов вакил шудааст.
Қаблан додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек Комисияи марказии интихоботиро вазифадор карда буд, ки аризаи Жиргалбек Саматовро дар мавриди дарёфти ҳаққи вакилӣ баррасӣ намояд. Додгоҳи олӣ эътироф кард, ки номзад ба вакилӣ шаҳрвандии Русияро надорад.
Бар асоси қонуниҳои Қирғизистон, номзадҳо ба вакилии парлумон ҳаққи душаҳрвандиро надоранд. Маҳз ҳамин монеа боис шуда буд, ки Саматов аз рӯйхати номзадҳо ба мақоми вакилӣ берун карда шавад.