Тавре вазир Чавушоғлу изҳор дошт, Анкара ҳамеша ҷонибдори бо роҳи гуфтугӯ ҳал кардани нофаҳмиҳост, на бо роҳи низоъ. Қаблан вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки вобастаи ҳарбӣ-баҳрии сафорати Туркия ба вазорати дифои Русия даъват шуда буд.
Соҳиби киштии моҳигирии Туркия хабари вазорати дифои Русияро дар бораи тирандозии ҳушдордиҳанда ва хатари наздикшавӣ ба киштии Русия рад мекунад.
Муносиботи Русия ва Туркия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Су-24 Русия аз сӯи ҳавопаймоҳои бомбаандози Туркия бад шуд. Анкара мегӯяд, ҳавопаймои русӣ ҳарими ҳавоии Туркияро рахна кард, вале Москва ин иттиҳомотро рад мекунад.