Ссылки доступа

Аз ҳама зиёд журналистонро дар Чин ва Миср зиндонӣ мекунанд


Кумитаи байналмилалии ҳифзи рӯзноманигорон дар гузорише, ки имрӯз нашр шуд, аз Чин ва Миср ба унвони кишварҳое ном бурдааст, ки кормандони расонаҳо дар он ҷо бештар аз кишварҳои дигар ҳабс мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ин созмони дифоъ, ки дар Ню-Йорк қарор дорад, зикр мекунад, дар маҷмуъ дар саросари ҷаҳон шумори рӯзноманигорони маҳбус “нисбат ба сатҳи рекордии се соли қабл ба таври чашмрас кам шудааст”. Ҳоло ин адад 199 нафарро ташкил медиҳад, соле қабл – 221 нафар буд. Дар Чин, бар асоси омори то 1-уми декабр, 49 рӯзноманигор дар зиндон буд, дар Миср – 23, дар Эрон – 19, дар Эритрия – 17 ва дар Туркия – 14 нафар.

Миёни кишварҳои шӯравии собиқ Озарбойҷон дар ин самт пешсаф аст. Онҷо 8 рӯзноманигор бо шумули Хадича Исмоилова, ки таҳқиқоти журналистӣ анҷом медод ва ҳамзамон хабарнигори Радиои Озодӣ буд, дар зиндонанд.

Дар Русия ва Қирғизистону Туркманистон имсол як нафарӣ рӯзноманигор маҳбус шудаанд, омадааст дар гузориши ҳомиёни ҳуқуқ. Дар Туркманистон хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ Сафармурод Непескулиев моҳи июли имсол зиндонӣ шуд. Дар Русия блогнавис Сергей Резник аз Ростови лаби Дон ибтидои сол ба 1,5 соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG