Ссылки доступа

WP: амали Русия бӯҳрони Сурияро душвортар мекунад


Амалиёти ҳавоии низомии Русия дар Сурия ба коҳиши чашмраси кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар сабаб шуда, вазъи зиндагонии мардумро душвортар кардааст, хабар дод рӯзи душанбе рӯзномаи The Washington Post бо такя ба гузориши махсуси СММ ва хабарҳои созмонҳои ғайридавлатӣ.

Баъд аз он ки ҳавопаймоҳои низомии туркӣ ҳавопаймои низомии русиро дар наздикии марзи миёни Сурия ва Туркия сарнагун карданд, Русия зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳҳои мухолифони суриягӣ дар минтақаҳои наздик бо сарҳади Туркияро афзоиш дод. Акнун гузаргоҳҳои марзӣ ва роҳи мошингарде, ки тавассути он кумакҳо расонида мешуданд, мушакборон мешаванд. Ин вазъият қисми зиёди созмонҳои ёрирасонро водор кард, ки интиқоли кумакҳоро қатъ кунанд.

Дар гузориши СММ омадааст, ки чунин ҳолат ба зиндагии миллионҳо шаҳрванди Сурия таъсир гузошт. Ба иттилои СММ, аз оғози амалиёти низомии ҳавоӣ дастикам 20 муассисаи тиббӣ зери зарбаҳои Русия мондаанд.

The Washington Post ба нақл аз намояндагони чанд созмони хайрия менависад, ки ҳавопаймоҳои русӣ ба биноҳои мулкӣ, аз ҷумла анборҳои гандум, нонвойхонаҳо, марказҳои обтозакунӣ, марказҳои тақсими кумакҳои башардӯстона зарба мезананд. Як корманди СММ, ки нахост номаш зикр шавад, ба рӯзнома хабар додааст, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия қариб 260 ҳазор нафар маҷбур шудаанд манзилҳои худро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG