Ссылки доступа

Ҷоизаҳои ҷашнвораи Бишкек "тақсим" шуданд


Дар Бишкек ғолибони ҷашнвораи филмҳои мустанади "Бир Дуйно-Fest 2015" бахшида ба ҳимояи ҳуқуқи инсон муайян шуданд. Дар ин бора сомонаи ҷунбиши ҳимояи ҳуқуқи инсони "Бир Дуйно - Қирғизистон" хабар медиҳад.

Филми коргардони рус Настя Тарасова "Линар" дар бораи кӯдаке, ки бемории модарзоди дил дорад, соҳиби "Шоҳҷоиза" шуд. Азбаски дар Русия ҷарроҳии насби узвҳо ба кӯдакон манъ аст, қаҳрамони филм дили худро дар кишварҳои бегона меҷӯяд.

Филми коргардони эронӣ Оят Наҷафӣ дар бораи манъи сурудхонии занон дар Эрон "Беҳтарин филм дар арсаи ҳимояи ҳуқуқи занон" дониста шуд.

Филми "Набераҳои Алйенде"-и коргардони олмонӣ Феликс Швартс, ки ба ҷунбиши эътирозии мактабиён ва донишҷӯёни Чилӣ ба муқобили хусусигардонии маориф бахшида шудааст, "Беҳтарин филм дар ҳимояи ҳаққи кӯдак" интихоб шуд.

Доварон ҷоизаи махсуси худро ба Клаудия Лисбоа аз Голландия барои филми "Инқилоби Нада" тақдим карданд. Ин филм кишвареро намоиш медиҳад, ки инқилобро паси сар карда, дар чорроҳаи интихоб миёни расму ойин ва замона қарор дорад.

Ҷоизаи писанди тамошобинонро филми "Хишти пухта"-и Сейн Лиан Тюн, коргардон аз Мянма соҳиб шуд, ки дар бораи меҳнати кӯдакон қисса мекунад.

XS
SM
MD
LG