Керрӣ зикр кард, ки таҳримҳои зидди Русия танҳо баъд аз иҷрои шартномаи Минск дар бобати Украина бекор хоҳанд шуд. Ҳамзамон Керрӣ гуфт, ки сиёсати ИМА муҳосираи Русияро ҳадаф надорад.
Пеш аз ин мулоқот котиби давлатии ИМА бо раҳбари гурӯҳи Ҳелсинкии Москва (ГҲМ) Людмила Алексеева дидор ва дар хиёбони Арбати Москва гаштугузор кард.
Людмила Алексеева дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки ба дидор бо Керрӣ ба сафоратхонаи ИМА дар Москва танҳо даъват шуда, мулоқот 40–45 дақиқа идома дошт. Раҳбари ГҲМ гуфт, ки дар дидор бо Керрӣ вай боз ҳам қонуни агентҳои хориҷиро танқид ва аз сардии муносибатҳои байни Русия ва ИМА изҳори нороҳатӣ кардааст.
Мулоқоти Керрӣ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба ҳалли мушкилоти вазъи Сурия ва Украина бахшида шуд. Лавров хабар дод, ки ҷонибҳо роҳҳои муборизаи судманд ва ҳамоҳанг зидди гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро баррасӣ карданд.